Мавсими оббозӣ ҳушёрӣ ва эҳтиёткорӣ талаб менамояд!

Бо оғози мавсими оббозӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакатро ба ҳушёрӣ ва эҳтиёткорӣ даъват менамояд.

Дар изҳороти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ омадааст, ки бо боло рафтани ҳарорати ҳаво ва оғози мавсими оббозӣ сокинон ва меҳмонон бояд хеле эҳтиёткор буда, ҳангоми оббозӣ дар рӯдхонаву кӯлҳо ва ҳавзҳои шиноварӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд.

Барои рух надодани ҳодисаҳои нохуш ҳангоми оббозӣ ба сокинону меҳмонон чанд маслиҳат ва тавсияҳо дода шудаанд. Аз ҷумла, пӯшидани камзӯлчаҳои наҷотдиҳӣ ва омӯзонидани шиноварӣ ба кӯдакон, дар ҷойҳои муайяншуда оббозӣ кардан, беназорат нагузоштани кӯдакон ва дар ҳолати мастӣ вориди кӯлу дарёҳо нашудан.

Ёдовар мешавем, ки ҳар сол бо оғози мавсими оббозӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ сокинону меҳмононро ба эҳтиёткорӣ даъват мекунад ва қоидаҳову пайомадҳои шиновариро ёдрас менамояд. Ҳамчунин мавзеъҳои махсуси шиновариро пешниҳод мекунад, ки оббозӣ дар он маконҳо бехатар ва таҳти назорат аст.

Дар баробари ин Кумитаи мазкур чорабиниҳои махсуси омӯзишӣ баргузор карда, ба сокинони маҳалҳои гуногун қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиновариро шарҳ медиҳад.

Вале бо вуҷуди ин, ҳар сол даҳҳо нафар аз сабаби надонистани шиноварӣ ва қоидаву макони он ба ҳалокат мерасанд.Novyj-risunok-2-6.jpgobbozi-22.jpg

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.