Левакант.  Ҷашни зафар муборак!

  Имрӯз дар майдони «Боғи ғалаба»-и шаҳри Левакант 73-солагии Иди Ғалаба ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат раиси шаҳр муҳтарама Самизода С. тамоми мардуми сулҳпешаи шаҳри Левакант, бахусус ҳамсарону фарзандони собиқадорони ҷанги меҳнат ва шахсонеро, ки дар ақибгоҳ бо заҳмати шабонарӯзии худ барои таъмини ғалаба саҳми арзанда гузошта буданд табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, сулҳу осоиш ва рӯзгори некро таманно карданд.1118.JPG

 Ба оилаҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва маъюбоне, ки дар амалиётҳои ноҳияи Рашт ярадор шуда буданд, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳои шаҳр кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шуд.

 Раиси шаҳр ёдовар шуданд, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки ба зидди истилогарон бархоста буданд, халқи тоҷик дар ҷабҳаҳои мубориза шуҷоату мардонагӣ нишон дода, мардуми мо, алалхусус модарони тоҷик аз фарзандон, ёру бародарон абадан ҷудо гаштанд.

 Аз ин рӯ, ба онҳое, ки имрӯз ҳамроҳи мо ҳастанд таҳсину ташаккур гуфта, ба ёди онҳое, ки ҷони худро барои озодиву ободии мову шумо қурбон кардаанд, сари таъзим фуруд оварда, дар ҳаққашон дуои нек карданд.

1116.JPG1119_1.JPG1121_0.JPG

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.