Кӯлоб. Ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ

  Дар Мачмааи варзишии шаҳри Кӯлоб ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ, ки бо ташаббуси якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуда буданд, ҷамъбаст карда шуд.

 Варзишгарони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ин чорабиниҳо ширкат намуда, аз рӯи намудҳои варзиши волейбол, футбол, теннис, шашка, шоҳмот, гуштини миллӣ, оббозӣ ширкат ва қувваозмоӣ намуданд.

 Дар чорабинӣ раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло, муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ва намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ Ваҳобзода Барот баромад намуда, қайд намуданд, ки чорабиниҳои баргузоршуда барои афзун намудани фаъолнокии ҷавонон мусоидат намуда, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва нерӯи ақлониву ҷисмонии ҷавононро боло мебарад.

 Ғолибони мусобиқаҳо аз ҷониби раиси шаҳр ва меҳмонон бо медалу туҳфаҳои қимматбаҳо аз қабили яхдону телевизор, қолинҳо ва асбобҳои маишӣ сарфароз ва қадрдонӣ карда шуданд.

20180504_155201-300x181.jpg20180504_155218-300x225.jpg

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.