Кӯлоб. Ҷаласаи омӯзгорон

  Имрӯз бо иштироки васеи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар муассисаи таълимии №5-и шаҳр ҷаласаи кории омӯзгорон  баргузор шуд. Дар машварат муовини раиси шаҳри Кӯлоб, Кенҷамоҳ Маҷидова баромад намуда  асосан дар атрофи иҷрои нақшаи духти либосҳои мактабӣ, таъмир намудани  муассисаҳои таълимӣ  ва ҷамбасти бомуваффақонаи соли хониш, сафарбар намудани кӯдакон ба лагерҳои фароғатӣ     суханронӣ намуд.

  Ёдрас мегардем, ки миёни корхонаҳои дузандагии ҶДММ «Кооператор», «Пойафзол», «Мунаввар-М» ва «Зарҳам»-и шаҳри Кӯлоб  бо муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб ба миқдори 25500 дона либосҳои мактабӣ шартномаи тарафайн ба имзо расонида шудааст.

  То имрӯз ба суратҳисоби корхонаҳои болозикр 875089 сомонӣ ворид карда шудааст, ки 39,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

 Тибқи маълумотномаи Раёсати маорифи шаҳр  10920 нафар кӯдакон ба истироҳати тобистона фаро гирифта мешаванд. Аз ин шумора 1520 нафар ба лагерҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 580 нафар наврасону кӯдакон   ба лагерҳои беруназшаҳрӣ, 4550 нафар ба лагерҳои фароғатӣ-таълимӣ, 460 нафар ба лагери варзишӣ-беҳдоштӣ, 660 нафар ба лагери меҳнатӣ-истироҳатӣ,  650 нафар ба муассисаҳои интернатӣ ва 2500 нафар ба лагерҳои муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта мешаванд.

20180530_093117-300x225.jpg

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.