Кӯлоб. Кӯмак ба ниёзмандон ба маблағи 300 000 сомонӣ

 Бо дастгирӣ аз сиёсати ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи шарифи Рамазон ба оилаҳои ниёзманд ва шахсони яккаву танҳо, беморону маъюбон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва дигар шахсони эҳсонкор як зумра кӯмакҳо расонида шуд.

Аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳри Кӯлоб ба 143 нафар нобиноён маблағи 14300 сомонӣ кӯмак расонида шуд.

 Аз ҷониби роҳбарону ташкилоту муассисаҳои шаҳр ба 90 оилаҳои кабизоат маводҳои ғизоӣ аз қабили орд, равған, картошка, пиёз, шакару биринҷ ва дигар маҳсулотҳои ниёзи ба мардум расонида шуд, ки 27 000 сомониро ташкил дод.

 Дар анҷом додани чунин амалҳои хайр саҳми собибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша назарас буд. Аз тарафи соҳибкорон ба 172 нафар оилаҳои камбизоат ба маблағи 26345 сомонӣ кӯмак расонида шуд.

 Ҳамзамон дар пайравӣ ба ин амалҳои хайру савоб аз тарафи як соҳибкори маҳаллӣ хонаҳои истиқоматиии шахсони маъюб ба маблағи 25000 сомонӣ таъмир карда шуд.

 Аз тарафи дигар соҳибкор 20 аробача, ки ҳар кадом маблағи 3 000 сомониро ташкил медиҳад ба маъюбон тақдим карда шуд.

 Ба 300 нафар оилаҳои ниёзманди ҷамоатҳои Зарбдор, Кӯлоб, Зиракӣ ва Даҳана ба маблағи 75 000 сомонӣ маводҳои ғизоӣ кӯмак расонида шуд.

Боиси зикр аст, ки итиҳодияҳои динии шаҳру деҳоти Кӯлоб маблағи 71 000 сомонӣ садақаи «Фитр» ва «Закот» доданд.

 Дар маҷмуъ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ва иди Сайиди фитр ба шахсони яккаву танҳо, ятимону камбизоатон ва маъюбон маблағи 300 000 сомонӣ кумак расонида шуд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.