Кӯлоб. Ба истиқболи чорабиниҳои «Ҳафтаи поси хотир»

 Дар партави баргузории  чорабиниҳои «Ҳафтаи поси хотир» тибқи нақаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби  Ташкилоти ҷамъиятии «Маъюбони ҷанг дар Афғонистон»- и шаҳри Кӯлоб  саҳни нимпайкараиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузарги Ватанӣ  тозаю озода  карда шуд.

  37- нафар  аъзоёни ҷамъият   бахшида ба таҷлили  73- солагии Иди Ғалаба бар фашизм дар  атрофи нимпайкараҳои  барқароркунандаи ҳукумати шӯравӣ Саидҷон Назаров, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қаҳрамонӣ Иттиҳодӣ Шӯравӣ Сафар Амиршоев ва  Сайдқул Турдиев ҳашари дастҷамъона гузарониданд.

 Ҳамзамон аъзоёни ҷамъият  тасмим гирифтанд, ки аз ҳолу  аҳволи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзо Бегматов, Ҷумъа Пулод, Ғулом Шарипов ва иштирокчии ақибгоҳ Бозор Эргашев дидан карда, бо дастрасии имконияти молиявӣ ба онҳо кӯмаки моддии худро расонанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.