Кӯлоб. Сохтмони муассисаҳои таълимӣ тариқи ҳашар

 Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб сохтмони 4 муассисаи таълимӣ ба воситаи ҳашар идома дорад.

 Имрӯз Раиси шаҳри Кӯлоб, Хайрулло Амонулло аз муассисаҳои ҷамоати Зиракӣ боздиди корӣ ба амал овард. Дар деҳаи Корези поён ва деҳаи Бахтободи ҷамоати деҳоти Зиракӣ дар назди муассисаҳои №21 ва №36 корҳои сохтмонӣ, бахусус корҳои хиштчинӣ дар деворҳои асосӣ идома дорад.

 Ёдовар мешавем, ки муассисаҳои мазкур дар даврони Шуравӣ сохта шуда, ба меъёрҳои имрӯзаи сохтмону меъморӣ ҷавобгу набуданд.

 Раиси шаҳр ҳангоми вохурӣ бо хонандагону омӯзгорон онҳоро бовар кунонид, ки аз моҳи сентябр сар карда, дар синфхонаҳои наву барҳаво таҳсил хоҳанд кард.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.