ИШТИРОКИ 7500 НАФАР ДАР МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗИ

  Имрӯз ба муносибати  Рӯзи умуми ҷумҳуриявии солимгардонӣ ва ҷиҳати иҷрои Нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавӣ– варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӯ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018, машқҳои пагоҳирӯзӣ дар назди 33  майдонҳо, гулгашту хиёбонҳои  25 шаҳру ноҳияҳои вилоят бо давомнокии аз 20 то 35 дақиқа баргузор карда шуданд.

 Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар умум 7500 нафар шаҳрвандон, аз ин шумора 1890 нафар бонувон, аз шумораи умумӣ 3300 нафар дастпарварони мактабҳои варзишӣ, 1850 нафар сокинону ҷавонон ва 2350 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

 Инчунин бахшида ба Рӯзи умуми Ҷумҳуриявии солимгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  20 мусобиқаҳои варзишӣ аз руи намудҳои баскетбол, гӯштини тарзи озод, юнонӣ-рӯмӣ, дзю-до, самбо, шоҳмот, футбол, тенниси калон, волейбол, варзиши сабук баргузор карда шуданд. Дар мусобиқаҳои мазкур беш аз 1200  нафар варзишгарон ва аз ин шумора 100 нафар бонувон ширкат намуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.