ИСТИҚБОЛИ  ИДИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

   Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб Иди ғалаба ба Олмони фашистӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Субҳи барвақт гурӯҳи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо сарварии раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб Мирзо Бекматов дар майдони Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омада, ба таври дастҷамъона рӯ ҷониби маҷмааи «Оташи ҷовидон» намуданд.Раҳпаймоён дар он ҷо зери нимпайкараи Қаҳрамони ҷанги шаҳрвандии замони  шӯравӣ Саидҷон Назаров ва Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Сафар  Амиршоев гулчамбар гузошта, лаҳзае аз корномаҳои ҷангии онҳо ёдовар шуданд.Баъдан иштирокчиёни раҳпаймоӣ, ба шумули иштирокчиёни Ҷанги Бузургии Ватанӣ, ҷанговарони ҷабҳаҳои ҷангҳои башардӯстона, коргарони ташкилоту муассисаҳо ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба боғи Ғалаба омада, намоиши ёдбуд баргузор намуданд.Дар намоиш раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло  ва раиси Шӯрои собиқадорони  ҷангу меҳнати минтақа Мирзо Бекматов ба сухан баромада, иштирокчиёни намоишро ба муносибати фарорасии Иди Ғалаба табрику муборакбод намуданд.

  Дар анҷоми намоиши идона ҳунармандони театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Вализода ва Қасри фарҳанги шаҳр хотири иштирокчиёнро бо ҳунари хеш болида намуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.