ИСТЕҲСОЛИ МЕВА РӮ ДАР АФЗОИШ АСТ

 Боғпарварони  навоҳии минтақаи Кӯлоб азм доранд, ки дар соли хоҷагии ҷорӣ  аз боғоти хеш  43565 тонна мева истеҳсол карда, ба ин васила дастархони мардумро бо маҳсулоти ғизоӣ ғанӣ гардонанд.Алҳол дар ин самт боғпарварони ноҳияи Данғара пешсафанд.Меваи то имрӯз ба бозор баровардаи онҳо, ки аслан аз гелосу зардолӯ иборат аст, беш аз 500 тоннаро ташкил менамояд.Боғпарварони данғарагӣ нақша доранд, ки дар давоми соли равон ба қадри  13594 тонна мева истеҳсол намоянд.Ин рақам анқариб 30 фоизи нақшаи дурнамои ноҳияҳои минтақаи Кӯлобро ташкил мекунад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.