ИДИ ҒАЛАБА ВА КӮМАКПУЛӢ ДАР  БОХТАР

 Мардуми шарафманди шаҳри Бохтар низ қатори дигар сокинони кишвар Иди ғалабаро дар сатҳи баланд истиқбол гирифтанд. Аз субҳдам назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони ташкилоту муассиса, корхонаҳо, донишҷӯёну хонандагон ва дигар табақаҳои ҷомеа барои иштирок дар ин маъракаи муҳим ҷамъ омада буданд.

 Аз назди майдони Исмоили Сомонӣ ва Парчами миллӣ раҳпаймоиро оғоз намуда, дар назди оташи абадӣ гулчанбар гузоштанд. Гуруҳи роҳпаймоён бо роҳбарии муовининони раиси шаҳр ва роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳр назди оташи абадӣ гулчанбар гузошта, лаҳзае нафаронеро, ки барои ҳифзи ватан ҷонисори намудаанд, ёд карданд. Дар воқеъ иштирок дар чунин чорабиниҳо нишони якдилии мардум, шукргузорӣ аз тинҷиву осоиштагии меҳан ва арҷгузории ҳамагон нисбати фидоиёни ватан мебошад. Имрӯз мушоҳида мегардид, ки ҳар як иштирокчии ин чорабинӣ бо ҳисси баланди ватандориву инсондӯстӣ ва меҳанпарастӣ ёди онҳое мекарданд, ки барои ҳимояи ватан сина сипар намудаанд. Баъд аз гузоштани гулпанчарҳо роҳпаймои то боғи фарҳангии ба номи Раҳмон Мурчаев идома ёфта, қисмати дигари чорабинии идона дар толори боғи мазкур баргузор гардид.

 Раиси шаҳр муҳтарам Исмоилзода Абдуалим ва меҳмононро толибилмон дар даромадгоҳи боғ бо гулу гулдаста ва қироати мисраҳои шеърии ватандӯстона пешвоз гирифта, ба чорабини шодбош гуфтанд. Имрӯз бонувони маркази вилоят ҳама иштирокчиён либосҳои ягонаи идонаи миллӣ ба бар намуда буданд, ки гувоҳ аз фарҳангдӯстӣ ва арҷгузорӣ нисбати анъана ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин таърихи гузаштаи худ аст.

  Дар толори тобистонаи боғи ба номи Раҳмон Мурчаеви шаҳри Бохтар раиси шаҳр Исмоилзода Абдуалим баромад намуда, ҳамагонро ба ифтихори ин Ид шодбош гуфт. Инчунин дар бораи ҳадафи аслии баргузории Иди Ғалаба, саҳми мардуми тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табодули афкор кард.

  Гуфта шуд, ки Солҳои 1941 – 1945 Ҷанги Бузурги Ватании ИҶШС бо Германияи Фашистӣ гузаштааст. Халқҳои 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баҳри дифои ватани азиз бар зиди истилогарони фашистӣ бар хестанд.

 Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳодисаи ҷамъиятӣ, бо роҳи зурӣ давом додани сиёсат буда, мазмуни онро муборизаи муташаккилонаи мусаллаҳона ташкил медиҳад. Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ҷанги одилонаю озодихоҳонаи халқи собиқ Шӯравӣ барои озодӣ ва ҳимояи Ватан алайҳи фашизм буд. Нерӯи тавоноии мардум руҳи «шикастнопазирии» душманро шикаст. 8 майи соли 1945 Германия ба акти таслимшавӣ имзо гузошт. 9 май Рӯзи иди Ғалаба эълон гардида, анъанаи таърихӣ гардид. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 27 миллион мардуми шӯравӣ ҳалок шудааст, зиёда аз 1700 шаҳрҳо вайрон карда шуданд, миллионҳо бе хонаву хоҷагидорӣ монданд.

 Илова гардид, ки ҳазорон нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ин муҳорибаҳо ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок намуда, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шўравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳоди Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд. Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Онҳоро ба сару либос, озуқаворӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин менамуданд.

  Дар шаҳри Бохтар низ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ то чанд соли қабл зиёдашон зиндагӣ мекарданд, вале бо амри тақдир аксарияти онҳо миёни мо нестанд. Аммо онҳо ҳамеша дар хотири мо зинда ҳастанд ва доиман ёди некашон мекунем. Имрӯз низ аз тарафи давлату ҳукумати кишвар иштирокчиёни ҷанги мазкур, меҳнаткашон бо хубӣ қадрдонӣ мегарданд. Хотираи неки қаҳрамонии тоҷикистониён дар арафаи таҷлили 73 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қалби насли муосир абадӣ хоҳад монд.

  Сипас барномаи фарҳангии кормандони бахши фарҳанги шаҳри Бохтар пешкаш гардид, ки аз шеъру сухан, суруду тарона ва рақсҳои ҷолибу диданӣ иборат буд. Сурудҳои ватандӯстона ва шеъру суханон дар мавзӯи Ватан-Модар бори дигар дар дили иштирокчиён муҳаббати ватандорӣ бедортар карда, дар иттифоқӣ ва ёди нек кардан аз таъриху гузаштаи худ ёдоварӣ мекарданд.

  Гуфтан даркор аст, ки дар қисмати дуюми рӯз аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ангуштшуморанд ва ба наздикони онҳоашон, ки дунёро падруд гуфтаанд, туҳфаҳои пулӣ чун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ расонида шуд. Қайд бояд кард, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар чунин ашхосро ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳ гирифта, мувофиқи имкониятҳои мавҷуда кӯмакрасонӣ мекунад.

DSC_0009_0.JPGDSC_0139_0.JPG

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.