Зиёда аз 4150 нафар сокинони шаҳри Кӯлоб аз хизматрасонии ройгонӣ тиббӣ бархурдор гардиданд

 Корвони саломатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Азиз Абдусаттор дар якҷоягӣ бо устодони баландпояи соҳаи тиб, профессорону табибони пуртаҷриба, сардорони муассисаҳои тандурустӣ ва дигар шахсони масъул ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.

 Дар оғози ин чорабинии муҳими тиббӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тиб дар кишвар сол ба сол рушду такмил меёбад ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ мунтазам боло меравад.

 Қобили зикр аст, ки дар ҳайати корвони саломатӣ тамоми муассисаву сохторхои тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории ВНМО”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” ва дигар зерниҳодҳои дахлдор ҳузур доштанд.

 Дар рафти чорабинӣ зиёда аз 4150 нафар сокинони шаҳри Кӯлоб аз муоинаву ташхиси комилан ройгони тиббӣ баҳра бурданд. Аз ҷумла 439 нафар аз ташхиси ВНМО, 511 нафар аз ташхиси ултрасадоӣ ва 192 нафар аз ташхиси флюриографӣ гузашта, инчунин 425 кӯдак хатна карда шуда, ба 11 нафар кӯдак ҷароҳии чураи модарзодӣ гузаронида шуд.

 Ҳамзамон, барои шахсони маъюб вобаста ба шакли маъюбияташон 11 дона аробачаи маъюбӣ, 53 дона асо ва 40 дона пойафзол дода шуд.

 Илова бар ин, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ” гиёҳҳои шифобахш ва нӯшобаҳои аз растаниҳои шифобахш омодашуда миёни сокинон тақсим карда шуд.

2.jpg3.jpg4.jpg6.jpg

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.