ДАР НОҲИЯҲОИ ҲАМАДОНИЮ ФАРХОР ДАРАВИ ҒАЛЛА ОҒОЗ ЁФТ

 Ғаллакорони ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор ба ҷамъоварии ғалла, ба хусус гандум оғоз намуданд. Деҳқонони ноҳияи Ҳамадонӣ, ки дар майдони 5237 гектар гандум кишт намудаанд, алҳол 268 гектари онро даравида, майдонҳои аз ғалла озодшударо ба кишти такрорӣ омода менамоянд.

 Дар ноҳияи Фархор, ки майдони умумии ғаллазор 10050 гектар заминро ташкил мекунад, то имрӯз 400 гектари он даравида шудааст ва  ҳосили миёнаи ҳар гектар ба 41,1 сентнер баробар меояд.Ёдовар мешавем, ки ин нишондод дар ноҳияи Ҳамадонӣ 41,8 сентнер аст.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.