ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ВА УТОҚИ КОРИИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

 Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, таҳти рақами №1059 бо мақсади таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст.

 Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул вориди ноҳияи Қубодиён гашт.

 Гурӯҳи корӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолон вохӯрӣ гузаронида, мақсади ташрифи гурӯҳро ба ҳозирин шарҳ доданд.

 Дар натиҷаи ин вохӯрӣ бо роҳбарии аъзои гурӯҳи мазкур дар ҳашт ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия гурӯҳҳои алоиҳида таъсис дода шуда, гурӯҳҳои мазкур бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи деҳа ва маҳаллаҳо озими ҷамоатҳои деҳот гардидаанд.

 Барои фаъолияти пурсамари гурӯҳи корӣ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия утоқи корӣ бо лавозимоти зарурӣ таҳия карда шуд, ки қарор аст, гурӯҳи корӣ давоми се соли оянда фаъолияти худро дар ин утоқ идома диҳад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.