Гиромидошти хизматҳои шоёни меҳтарони ҷангу меҳнат

ПАНҶ. Аз рӯзи Ғалаба бар зидди фашизм 73-сол пур мешавад. Ба ин муносибат 8 майи соли 2018 бахшида ба ин ҷашни бузург-иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар маркази ноҳия тантанаҳои идона баргузор гардиданд.

 Кӯчаи марказии ноҳия бо шиору овезаҳо, парчамҳои давлативу ҳизбӣ, гулу гулдастаҳо оро дода шуда буд. Якчанд нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании ноҳия дар иҳотаи қатори одамони сершумор, аз ҷумлаи кормандони идораву муассисаҳо, хонандагону наврасон ва сокинони ноҳия бо роҳпаймоӣ аз маркази шаҳрак назди ҳайкали Ватан-Модар рафта, барои гиромидошти нафароне, ки дар мубориза бар зидди фашизм ҷон бохтаанд, гулдастаю гулчанбарҳо гузошта, дақиқаи хомушӣ ба ҷо оварданд.

 Сол то сол шумораи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ кам шуда истодаанд. Айни ҳол дар ноҳия теъдоди ками онҳо дар қайди ҳаёт ҳастанд, вале ғамхорӣ нисбати онҳо ҳамешагӣ идома дорад.

 Бо дастуру супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузургии Ватанӣ ба ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд.

 Бо мақсади гиромидошти иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, тарғибу ташвиқи фидокориву ҷоннисориашон дар Ғалаба бар зидди фашизм, дастгирии маънавӣ ва моддии онҳо, тарбияи насли наврас дар руҳияи баланди ватандӯстӣ дар «Ҳафтаи аёдат» як қатор чорабиниҳо баргузор гардиданд. Дар муассисаҳои таълимии №1, №2, №21 ва №11 бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ вохӯриҳо баргузор гардида, аз қаҳрамониҳои ин абармардони далеру шуҷоъ нақлҳо ва қиссаҳо карда шуд. Хонандагону омӯзгорон ва дигар шахсони масъул ба аёдати иштирокчиёни бистарӣ рафта, ба онҳо кӯмаки моддӣ расонида бо гулдастаҳо қадршиносӣ намуданд.

 Мо ба ин шермардони қавидил ва меҳанпараст ҳамеша ифтихор дорем ва китоби корномаи онҳоро мудом варақгардонӣ мекунем. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.