Error message

  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_display has a deprecated constructor in include_once() (line 3478 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/includes/bootstrap.inc).
  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_many_to_one_helper has a deprecated constructor in require_once() (line 127 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/sites/all/modules/ctools/ctools.module).

Вохурии Ёрдамчии Президент муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода дар шаҳри Кӯлоб

 Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вохурии гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо фаъолони шаҳри Кӯлоб, масъулини ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқони, раисони ҷамоатҳои деҳот, Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, эмомхатибон ва ташкилотҳои ҷамъияти баргузор гардид.

 Ҳадаф аз гузаронидани ин вохури омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси гуруҳои корӣ аз ҳисоби кормандону масъулону ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018,№АП-1059 ва банди 15-и нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар санаи 12-майи соли равон вобаста ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода буд, иборат мебошад.

Баргузории вохурии гуруҳи корӣ дар ҷамоатҳоти деҳоти Кӯлоб дар назар дошта шудааст.

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.