БОХТАР. КӮДАКОН ШОДУ МАСРУРАНД

 Дар муассисаи таълимии №8-и шаҳри Бохтар чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон» баргузор гардиданд. Дар он чанде аз хонандагон бо туҳфаву ифтихорномаҳои маъмурияти муассиса қадрдонӣ шуданд.

 Дар муассисаи мазкур аз рӯзи душанбе оғоз карда, ҳамарӯза чорабиниҳои гуногуни варзишиву фарҳангиро миёни хонандагони синфҳои ибтидоӣ ташкил карданд. Махсусан мусобиқаҳои варзишӣ намудҳои шашка ва шоҳмот гузаронида шуд, ки дар он толибилмони синфҳои 1-4 иштирок карда, маҳорати варзишии худро санҷиданд.

 Илова бар ин озмуни расмҳои беҳтарин дар мавзӯи «Кӯдакони хушбахт» ташкил гардид, ки дар он хонандагони синфҳои 2-юм Фархундаи Низомиддин, Шукрона Давлатова ва хонандаи синфи 1-ум Аъзамҷон Шарипов сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.

 Субҳи имрӯз бо иштироки толибилмони синфҳои ибтидоии муассиса чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии номбурда хонандагон ҳунару маҳоратҳои худро пешниҳод карда, барномаи фарҳангиву варзиширо намоиш доданд. Саҳнаро бо расмҳои тасвирнамудаи хонандагон ва дигар лавозимоти ороишӣ, ки инъикосгари ҷаҳони кӯдакон аст, истифода намуданд. Имрӯз дар ҳақиқат муассисаи таълимии №8-и шаҳр қабои идона дошт ва кӯдакону наврасон низ бо либосҳои идона омада буданд. Дар рафти чорабинӣ шеъру суруд, саҳнача ва бозиҳои гуногун дар иҷрои худи кӯдакон пешкаш карда шуд, ки саропо диданиву ҷолиб буданд.

 Дар қисмати охири чорабинӣ диреткори муассиса Забирова Қ. Баромад карда, ҳамагонро ба «Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон» шодбош гуфт. Сипас аз ғамхориҳои давлату ҳукумати кишвар нисбати кӯдакону наврасон ёдовар гардид. Номбурда илова кард, ки кӯдакону наврасон дар маркази таваҷҷӯҳи ҳамагон қарор доранд ва ба таълиму тарбияи онҳо диққати махсус равона гардидааст. Дар муассисаҳои таълимӣ низ шароити таҳсил муҳайё мебошад. Ин аст, ки кӯдакон шоду масруранд ва сол то сол фаъолнокӣ, дастовардҳои онҳо бо иштирок дар озмунҳои мактабӣ беҳтар мегардад.

 Баъдан хонандагонеро, ки дар озмунҳои номбурда ғолибият ба даст оварданд, бо туҳфаву ифтихорномаҳо қадршиносӣ намуданд. Илова бар ин ба ду нафар хонандагони ятим хонандаи синфи 1-ум Ҳамруддинова Дилором ва хонандаи синфи 2-юм Лапкин Даниел бахшида ба «Рӯзи муҳофизати кӯдакон» туҳфаҳои хотиравӣ анҷомҳои хониш (сумка, китоб, дафтару ручка, қаламҳои ранга, албом) тақдим карданд.

 Гуфтан мумкин аст, ки барои хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаи таълимии №8-и шаҳри Бохтар ин лаҳза хотирмон ва пур аз шодиву нишот буд.

 Дар дигар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар баргузории чунин чорабиниҳо ва озмунҳо бахшида ба «Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон» идома дорад.

1_0.JPG

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.