БОХТАР: «ТАҲЛИЛУ БАРРАСӢ ВА ВАЗИФАГУЗОРИҲОИ КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

 Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар вобаста ба Вазъи иҷрои марҳилавии рушди иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва нишондодҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон» дар шаҳри Бохтар, вобаста аз раванди амалишавии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҷамъомад бо иштироки Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, муовини якуми Раиси Кумита Қурбонзода Б.Х, муовинони раиси вилояти Хатлон, раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Исмоилзода Абдуалим ва дигар масъулон баргузор гардид.

 Нахуст раиси шаҳр Исмоилзода Абдуалим меҳмононро хайрамақдам гуфта, онҳоро ба иштирокдорон шинос кард. Сипас дар бораи мақсади асосии баргузории ҷамъомади мазкур табодули афкор намуд.

 Баъдан Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар баромад карда, ба таври пурра мавзӯро таҳлил ва баррасӣ намуд. Инчунин Қосим Роҳбар оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи рушди маҳал дар се моҳаи якуми соли 2018 ва вазифаҳои минбаъдаи кормандони соҳа баромад карда, бо таҳлилу баррасӣ намудан масъулонро вазифагузорӣ намуд. Ғайр аз ин сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Кумитаи рушди маҳал Саидғуфрони Абдулло хусуси «Мукофотҳои Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.

  Умуман ҷамъомади мазкур тавонист, ки бори дигар дар сатҳи баланд фаъолиятро дар шаҳри Бохтар таҳлили амиқ намояд ва оид ба рафъи камбудиву норасогиҳо дастуру супориш, маслиҳатҳои муфид дода шуд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.