Баргузории машқҳои тактикӣ-омӯзишӣ дар вилояти Хатлон

  Рӯзи 10-уми июни соли 2018 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақша-чорабиниҳои РВКД дар вилояти Хатлон, бо ҷалби ҳайати шахсии гурӯҳҳои зудамали ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, дастгоҳи РВКД дар вилояти Хатлон, қисми ҳарбии 3503 ва ДТММ дар вилояти мазкур, дар минтақаи «Зағиртӣ»-и шаҳри Леваканд, таҳти роҳбарии сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар машғулиятҳои амалӣ ва машқҳои тактикӣ-омӯзишӣ доир гардид.

  Мақсади гузаронидани машқҳо баланд бардоштани ҳолати омодабошии касбии ҳайати шахсӣ, такмилдиҳӣ ва омодабошии мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир мебошад.
Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани машқҳо дар нуқтаи таълимӣ шароити техникӣ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ ташкил карда шуда, нахуст ҳайати шахсӣ ба омӯзиш ва корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта шуда, сипас машқҳои тактикӣ доир гардиданд.
 Зимни натиҷагирии машқҳо сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар дар назди ҳайати шахсӣ баромад намуда, доир ба таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар баҳри таъмини амнияти давлату миллат, ҳадафу моҳияти баргузории машқҳо ва зуҳури хатарҳои ҷаҳони муосир ибрози андеша кард.
Дар хотима ба иштирокчиёни фаъоли машқҳои тактикӣ-омӯзишӣ «Ифтихорнома»-ҳо тақдим карда шуд.

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.