«Хатлон – водии  пурфайз»

   Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон № 86 аз 6 апрели соли 2018 Бренд (Нишона) –и минтақавии вилояти Хатлон «Хатлон – водии  пурфайз» тасдиқ карда шуд.

  Тавре ки аз низомномаи Бренд (Нишона)-и минтақавии вилояти Хатлон «Хатлон – водии  пурфайз» бармеояд, мақсад аз додани ҳуқуки истифодаи Бренд (Нишона) ба бозори миллӣ ва байналмилалӣ пешбарии маҳсулот, мол, хизматрасониҳо, аз ҷумла сайёҳӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон истеҳсол ва амалишаванда (рамз) -и вилояти Хатлон, бунёди шароити мусоид барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти баландсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза, баланд бардоштани эътибори вилояти Хатлон ҳамчун минтақаи ояндадор оид ба хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ мебошад.

  Бояд хотиррасон намоем, ки истифодаи қоғаз, картон ва маҳсулоти аз онҳо омодакардашуда, аксҳо, молҳои қоғази, маводҳои таълимӣ, воситаҳои аёнӣ бо истиснои таҷҳизотҳо, чарм, маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ва армуғонҳо аз чӯб, мум, газ, мебел, матоъҳо ва маснуоти саноати бофандагӣ, рӯйҷо, дастурхон ва рахтҳои хоб, либосу пойафзол, кулоҳу каллапӯшҳо аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ: гӯштӣ асал, меваю сабзавот, равғанҳои растанӣ, паниру маска ва ғайраҳо ҳуқуқи истифодаи Бренд «Нишона»-ро доро мебошанд. Барои дарёфти маълумоти бештар бобати гирифтани Бренд (Нишона) шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ метавонанд ба Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят муроҷиат намоянд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.