«Тента Кӯлоб» ба кор шурӯъ кард

 Бо ибтикори роҳбарияти шаҳри Кӯлоб корхонаи Тента Кӯлоб, ки ба коркарди нахи пахта машғул аст, ба кор оғоз кард. Ёдовар мешавем, ки барои ба кор даровардани корхона соли 2001 ба маблағи 400 ҳазор доллари амкикоӣ таҷҳизоти олмонӣ ворид карда шуда, ба кор дароварда шуда буд.

 Бинобар иттилои соҳибмулки корхона Абдураҳмон Муҳтошов корхонаи мазкур, пурра таъмиру тармим гардида ба воситаи маблағгузорони хитойӣ ба кор дароварда шуд.

 Бояд қайд кард, ки дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 8 корхонаи хурду бузурги коркарди пахта фаъолият дошта, се сол боз ҳар кадоми онҳо пахтаи худро ҳамчун ашёи хом ба фурӯш мебароранд.

 Бунёди корхона имкон фароҳам меорад, ки минбаъд пахта дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб коркард карда шуда, дар шакли нахи тайёр ба фуруш бароварда шавад.

 Корхона бо иқтидори пурра ба кор шуруъ намуда, айни ҳол 67 нафар шаҳрвандони шаҳри Кӯлобро ба ҷойи кор таъмин намудааст.

20180606_112519-300x225.jpg20180606_112730-300x225.jpg20180606_112926-300x225.jpg20180606_113351-300x225.jpg

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.