«Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги даврони истиқлол»

 Санаи 5-июн дар толори конфронсии Муссисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Ш.Шоҳин дар якҷояги бо Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот-и назди Вазорати фарҳанги ҷумҳури дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни «Ваҳдати миллӣ» конфронси илми таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги даврони истиқлол» бо иштироки кормандони муассисаҳои фарҳангии маркази вилоят, шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Ҷ.Балхӣ, Вахш ва Дӯсти баргузор карда шуд.

 Дар кори конфронс Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот-и назди Вазорати фарҳанги ҷумҳури номзади илмҳои педагогӣ дотсент Комилзода Шариф, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов иштирок ва дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги даврони истиқлол» баромад намуданд.

 Дар қисмати дуюми рӯз аз ҷониби ташкилкунандагони ин чорабини бо иштироки китобдорон мизи мудавар оид ба хизматрасониҳои саривақтии китобдорон ҷиҳати  оммавигардонии хониш ба хонанда доир карда шуд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.