Ситоди вилоятии назди раиси вилояти Хатлон оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта, супоридани ҳосил ба корхонаҳои пумбатозакунӣ, коркарди ин ашёи хоми саноатӣ, ҷараёни кишти тирамоҳӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим баргузор шуд.
Раиси вилоят узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода дар оғози ҷамъомад таъкид дошт, ки барои ҷамъоварии ҳосили пахта фурсат кам мондаасту боронгариҳо дар пеш аст, аммо рафти ҷамъоварии ҳосил, ҳисоботи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба омор дар як қисми шаҳру ноҳияҳо бозгӯи талаботи замон нест. Аз ин нигоҳ ситодҳои ноҳиявӣ ва масъулини соҳаи кишоварзӣ бояд самти корро ба куллӣ дигар намоянд. Дар ин замина раиси вилоят масъулини барқ ва сухторхомӯшкуниро муваззаф намуд, ки чораҳои ҷиддӣ андешанд. Дар ин радиф раиси ноҳияи Фархор бо боварӣ афзуд, ки ин ҳафта дар самти пахтасупорӣ дигаргунии куллӣ ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Ҳамчунин ахбороти ноҳияи Панҷ низ шунида шуд. Раиси вилоят таъкид дошт, ки деҳқон дар интихоби корхона дар пахтасупорӣ озод аст. Раиси вилоят дар ин баробар масъалагузорӣ кард, ки ҳатман ба қафомонӣ хотима бахшида, сурати чинишро тезонанд. Ҳосили бо ранҷ парваридаи марди деҳқонро аз талафёбӣ, тайи барфу борон мондан, хӯроки чорво шудан эмин нигоҳ доранд.
Ҳамчунин дар ин ҷамъомад ба вусъати кишти тирамоҳӣ, шудгори босифат, истифодаи тухмиҳои хушсифат, обмонӣ ва фардо васеъ намудани кишти пахтаи маҳинах таваҷҷӯҳ намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода диққати масъулинро ба баргузор кардани иди Меҳргон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар сатҳи баланди ватандорӣ, омодагӣ ба масъалаи зимистонгузаронӣ дар ҳама соҳаҳо, захираи бештари хӯроки чорво, обуна ба матбуоти даврӣ, ваксинатсиякунонӣ оид ба пешгирии бемории сироятии Ковид – 19, пешниҳоди ҳисоботи саривақтии оморӣ, омодагӣ ба биснес – форуми Россия – Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим ҷалб карда, дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони масъули ташкилоти вилоятӣ мушаххас вазифагузорӣ намуд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон