Бахшида ба 27–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша чорабинии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҳар шомгоҳон чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор гардида истодаанд.

 Маҳз дар ҳамин асос назди Парчами давлатӣ чорабинии бошукӯҳи «Шоми Истиқлол» баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода иштирок ва суханронӣ намуд. Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода зимни баромад изҳор дошт, ки истиқболи 27 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тинҷу осудаи мамлакат боиси ифтихор ва сарбаландии ҳамаи мост. Ба ҳамин муносибат ин неъмати бебаҳои мардуми шарифи кишвар ҳамаи сокинони шаҳр ва ҷумҳуриро сидқан шодбош гуфта, тинҷиву осоиштагии меҳан ва сарбаландии доимии мардуми сарбаланди тоҷикро таманно дорам. Бо пеш овардани таъкидҳои Президенти мамлакат илова кард, ки Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду боли тавоное мебошанд, ки Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд. Пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар саросари кишвар ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар натиҷаи хизмати бузургу қаҳрамононаи халқи хирадманд, сулҳдӯст ва бунёдкори тоҷик ба воқеият табдил ёфт.

 Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо — яъне ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад.

 Сипас, барномаи фарҳангии омодакардаи кормандони бахши фарҳанги шаҳри Бохтар, ки аз суруду таронаҳои ватандорӣ иборат буданд. Суруду рақс ва шодиву нишоти сокинони шаҳр дар ин чорабинӣ ҳаду канор надошт.

 

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here