25-уми май дар шаҳри Левакант деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” чорабинии идона таҳти унвони “Мо насли хушбахти замон” бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” Х. Сармисоқова иштирок намуда, кӯдакону наврасонро бо рӯзи идашон табрик намуд. Кӯдакон маҳсули меҳнати худро ба марази тамошо гузошта, дар озмунҳои “Шоҳмотбозӣ”, “Рассомӣ” ва “Дастони моҳир” ширкат варзиданд. Дар охир чорабинӣ бо рақсу бозӣ ва барномаи фарҳангии кӯдакон ба анҷом расид.