Ҷ.Балхӣ. Имрӯз дар боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи У. Хайёми ноҳия чорабинии фарҳангию фароғатӣ ва намоиши дастовардҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Убайдуллои Файзуло, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонони касбу кори гуногун баргузор гардид. Раиси ноҳия иштирокчиёни чорабиниро табрик гуфта, ғолибони мусобиқаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар ин рӯз бо Раҳматнома ва мукофоти пули қадр карда шуданд. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 3000 нафар фаро гирифта шуданд.