Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон дар вилояти Хатлон дар самти пешгирии омилҳои номатлуб миёни ҷавонон ва насли наврас, аз қабили оворагардии ноболиғон, пешгирии ҳуқуқвайронкунҳо ва ҷинояткориҳо дар байни ноболиғону ҷавонон ва таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пайваста тадбирҳои судманд меандешанд.
   Мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи РВКД дар вилояти Хатлон дар ҳудуди шаҳри Бохтар чорабинии профилактикӣфаҳмондадиҳӣ аз ҳисоби кормандони дастгоҳи марказии Раёсат ва ШВКД дар шаҳри Бохтар гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, чорабиниҳои мақсаднок гузаронида шуданд.
  Чорабиниҳои мақсаднок дар марказҳои дилхушӣ, бозиҳои компютерӣ ва букмекерӣ, бозорҳо, масҷидҳо ва кӯчаю маҳаллаҳо доир ба муайян намудани ноболиғоне, ки ба оворагардӣ, талбандагӣ, тамошои филмҳои зиддиахлоқӣ ва бозиҳои зӯроварӣ машғул мебошанд, доир гардид.
 
Дар рафти чорабиниҳо ҳолатҳои зиёди ба корҳои беҳуда машғул будан ва шабона дур аз оила қарор доштани ноболиғону ҷавонон ва як гурӯҳ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муайяну ошкор карда шуданд.

  Дар ҳузури волидон ва омӯзгорони мактабҳояшон бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбат ба падару модарони онҳо санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Офоқ Қодириён

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here