Рӯзи 5-оятбри соли ҷори дар шаҳри Бохтар чемпионатҳои вилояти Хатлон оид ба шоҳмот (дар миёни шаҳрвандони аз 50-сола боло) ва тенниси рӯйи миз ба муносибати «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардиданд.
Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқаҳо эҳтиром гузоштан ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқу тарғиб намудани намудҳои варзиши шоҳмот ва тенниси рӯйи миз, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ташакули неруи ҷисмонӣ ва зеҳнии сокинони вилоят ва муайян намудани ҳайати дастаи мунтахаби «Хатлон-1» мебошад дар мусобиқоти мазкур дастаҳо аз 15 шаҳру навоҳии минтақаи Бохтар фаъолона ширкат варзиданд, ғолибон ва ҷоизадорон бо диплому медалҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон сарфароз гардида, ҳамзамон соҳиби роҳхат ба даври ҷумҳуриявии мусобиқаҳои мазкур мегарданд.