Дар маркази вилояти Хатлон бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Аҳтам Рустам ва намояндагии иҷроияи иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар Ҳамоиши Гирандагони Стипендияи Президентӣ таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид, ки дар он ҷавонони фаъол низ иштирок доштанд. Дар ин ҳамоиш масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи сиёсати ҷавонон ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва имтиёзҳое, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба ҷавонон дода шудааст, ибрози андеша карда шуд.

  Ба унвонии волидайни 145 нафар Гирандагони Стипендияи Президентӣ номаи сипосии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Ҳамчунин дар рафти ҳамоиш барномаи консертии ҳунармандони ҷавони вилояти Хатлон пешниҳоди аҳли толор гардонида шуд, ки боиси хушнудии ҷавонон гардид. Чорабинии фарҳангӣ бо кафкубии бардавом ба поён расид.

 

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here