Мавриди истифода қарор додани чашмаи Қайнар ё худ Кайнаҳр, ки бузургтарин чашмаи кишвар аст, орзӯи сокинони ноҳияи Восеъ, ба хусус сарварони 40 соли охири он дониста мешавад. Ва ниҳоят бо шарофати эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тармиму таҷдиди атрофии чашма, бо ибтикор ва ташаббуси ватандӯстонаи аҳли хоҷагии деҳқонии «Файзи Сайид»-и ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шурӯъ гардид. Чашма, ки бо сабабҳои мухталиф дар ҳолати назарногиру ғайрисанитарӣ қарор дошт, бо оғози корҳои сохтмонӣ ба тартибу тоза гардид ва роҳи канори он то роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг мумфарш карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки сокинони маркази Хатлони кӯҳан шаҳри Ҳулбук 1200 сол қабл тариқи лӯлаҳои сафолин аз чашмаи мазкур бо оби ширини мусафо таъмин мегардиданд.Дар назар аст, ки оянда оби чашмаи Кайнаҳр ба сифати оби ошомиданӣ ба шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, ки дар масофаи дурии 9 километру баландии 10-11 метр қарор дорад, интиқол дода мешавад.