Маҳсулотҳои дар як утоқи начандон калон ба намоиш гузоштаи  чаканро дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Кӯлоб дида, аз  соҳиби ҳуҷра муовини директори муассисаи мазкур Арафамоҳ Раҳматова, ҷӯёи ин амалу мақсад мешавем.

  -Мардуми шаҳру навоҳии минтақаи мо худро бе чакан тасаввур карда наметавонанд. Мана ҳамин чодару деворӣ, рӯймоли миёну тоқӣ ва куртаҳо аз замони арӯсии банда аст. Он замон бе чунин ҷиҳозҳо ҳеҷ як духтар ба хонаи домод рухсат дода намешуд. Мо солҳо боз дар ин Марказ ҳунари чакандӯзиро ба шогирдон меомӯзем. Ва мо устодон дар баробари ин ҳамеша дар талоши он ҳастем, ки ба ин ҳунари аждодонамон шаклу мазмуни замонавӣ диҳем. Аз ҷониби созмони байналмиллалии ЮНЕСКО ба сифати молу бойигарии миллати тоҷик эътироф гардидани чакан, мо устодони онро водор мекунад, ки беш аз пеш дар бораи рангорангии чакан талошу андеша кунем,- гуфтанд Арафамоҳ Раҳматова.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here