Сипас дар саҳни хоҷагии деҳқонии “Барои ҳосилот”-и Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён қисмати назариявии семинари илмӣ-амалии минтақавӣ дар мавзӯи “Технологияи кишти тирамоҳию барвақтии зироатҳои кишоварзӣ, парвариши лиму ва коркарди мавсимии боғу токзор” баргузор гардид. Дар семинари мазкур раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода, Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат, олимони соҳа ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд. Нахуст муовини аввали раиси вилоят Амонулло Салимзода ҳозиринро бо рафти семинар ошно сохта, дар баромади хеш раиси ноҳияи Кӯшониён қадами меҳмононро ба ноҳия нек арзёби намуда, аз баргузории семинари мазкур дар ноҳияи Кӯшониён изҳори хушнуди намуд. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар баромади худ ҷиҳати саривақти баргузории семинари мазкур изҳори назар карда, аз пешравиҳои соҳа дар соли ҷорӣ ёдовар гардиданд. Дар рафти кисмати назариявии семинар олимони соҳаи кишоварзӣ, ходимони илмӣ баромад намуда, ба деҳқонон тарзи дуруст ва навгониҳои кишоварзиро матраҳ намуда, ба деҳқонон ва масъулони соҳа маълумотҳои муфид пешниҳод намуданд. Сипас раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба сухан баромада, бурду бохти соҳаи кишварзии вилоятро ба риштаи таҳлил кашида, аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ҷиҳати оқилона ва самаранок истифода бурдани замин, захираи маводи ғизои ва дигар паҳлуҳо ибрози андеша намуда, ба муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, раёсатҳои кишоварзӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар масъулон бобати саривақт анҷом додани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.