Имрӯз, дар семинар — машварати вилоятӣ «Оид ба ташкили усулҳои мубориза бар зидди малах», ки дар деҳаи «Эргашободи» ҷамоати деҳоти «Бустонқалъа»-и ноҳияи Кушониён баргузор гардид, масъулини соҳа, муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳамкимзода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода, раисону шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.
Дар қисми амалии чорабинӣ ба ҳозирин усули муборизаи зидди малахро бо тарзи механикӣ, агротехникӣ, химиявӣ, биологӣ нишон доданд. Ҳамчунин оиди омоданамудани маҳлул ва истифодаи дурусти заҳрхимикатҳоро масъулини экспедитсияи мубориза бар зидди малахи вилоят фаҳмониданд.
Тавре, ки таъкид гардид малах ҳашароти зараррасони табиат ба шумор рафта, ба гуруҳи ростболҳо, зергуруҳи муйлабкутоҳи, ростболҳо ва ба болооилаи малахҳои маҳсубанд. Малахҳои вобаста ба тарзи зиндагиашон ба галагӣ ва ғайригалагӣ ҷудо мешавад. Малахҳои галагӣ аз малахҳои ғайригалагӣ аз он фарқ мекунанд, ки биологияи онҳо падидаи тағирёбии марҳилавиро дар бар мегирад, ки онро олимон дар асри гузашта кашф карда буданд.
Дар семинар-машварат ба иштирокдорон техникаву мошинолоте, ки бар зидди малах нигаронида шудааст намоиш дода шуд.
Дар қисми назариявии ин ҳамоиш иштирокдорон баромади сардори муассисаи Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозанинзода Нусратулло Бодомро шунидаанд. Номбурда атрофи масъалаҳои ба ин соҳа алоқамандро ёдовари карда таъкид бар он доштанд, ки имрӯзҳо бо истифода аз шароитҳои мавҷуда бар зидди ин ҳашароти зараррасон корро оғоз бояд кард.
Дар назди ҳозирин Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода баромад карда, афзуданд, ки вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳури маҳсуб ёфта, ҳамасола яке аз аваллинҳо шуда, маҳсулоти кишоварзии барзгарони вилоят ба бозорҳои дохил ва берун аз ҷумҳурӣ ворид мегардад. Мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон аз ҷумла малахи марокашӣ дар афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, пешгирии нобудшавии маҳсулотҳо заминагузори менамояд. Бо истифода аз фурсати муносиб номбурда таъкид бар он доштанд, ки бо омадани Наврӯзи хуҷастапай корҳои саҳроӣ вусъати тоза пайдо карда, ташвишу тарадуди кишоварзон меафзояд. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ оид ба ҷамъбасти семинар-машварат ва дастуру супоришҳо вобаста ба соҳаи кишоварзӣ андешарони карда, аз масъулини соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят даъват ба амал овард, ки дар кишти пунбадона, интихоби тухмиҳои серҳосил ва ба минтақа киштбоб, обдиҳии захиравии маҳсулотҳо, кишти ҷуворимакка, офтобпараст ва дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ ба қафомонӣ роҳ надиҳанд. Ба андешаи муовини Сарвазири ҷумҳурӣ дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят ру ба афзоиш дошта бошад ҳам ин талаботи Ҳукумати Ҷумҳуриро қонеъ карда наметавонад. Болоравии маҳсулоти ниёзи аввал аз ҷумла картошка ва пиёз кишоварзонро водор ба он месозад, ки дар кишту парвариши ин маҳсулот диққати ҷиддӣ равона созанд.
Дар назди ҳозирин муовини аввали раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло Файзулло бо баромади таҳлилӣ аз вазъи кишту кори баҳорӣ, иҷрои дурнамои кишти картошка ва вусъати корҳои саҳроӣ ба иштирокдорон маълумот дод. Номбурда раисони шаҳру ноҳияҳо, муовинони соҳаи кишоварзӣ ва раисони кумитаҳои замини шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят даъват карда, таъкид бар он доштанд, ки бо меҳнати фидокорона дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳмгузорӣ намоянд.