Activities calendar

07 Ноябр 2019

Конституция - гарант спокойствия и безопасности

Таджикистан отметил 25-летие своей Конституции. В 1994 году, во время продолжающейся гражданской войны народ Таджикистана проголосовал за этот документ, который до сих пор рассматривается в качестве важнейшего основания государственности республики

Ҳамлаи ноҷавонмардонаи душманон ва санҷиши қудрати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон фазои идона дорад. Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Мардуми озоду хушбахт ва комилҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол як ҳафта боз шодиву сурур доранд. Ҳамзамон, дар хонадони 20000 оилаи дигар, ки падару модарон, фарзандон ва хешу пайвандонашон ба истиқболи ин рӯзи сайид аз ҷониби Пешвои раиятпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авф гашта, аз маҳбасҳо озод шудаанд ба тамоми маъно туй аст.

Ифтитоҳи бинои таълимии коллеҷи милитсия дар Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоб бинои нави таълимии коллеҷи милитсия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими кушодашавии он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода иштирок намуданд.

Ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик

Имрӯз, 7 ноябр, дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Семинари илмию амалии кишоварзӣ бо иштироки муовини Сарвазир

Дирӯз, 6 ноябр, дар хоҷагии зотпарварии «Ҳисор»-и Ҷамоати деҳоти “Ғалаба”-и ноҳияи Фархор, ки дар мавзеи Олимтой заминҳои кишткунанда дорад, семинари илмию амалии минтақавӣ дар мавзӯи «Кишти тирамоҳии ғалладонагӣ» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши омӯзишӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, муовини раиси вилояти Хатлон Умед Зоҳирзода ва вазири кишоварзии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ ширкат варзиданд.

Интихоби роҳбарияти нави Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон

5 ноябр дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон таҳти раёсати Абдуллозода Аҳтам Рустам - раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар китобхонаи вилоятӣ

Дар Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илми адабӣ таҳти унвони “Бахтномаи миллат” баргузор гардид. 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.