Activities calendar

25 октябр 2019

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба имзо расониданд

Имрӯз, 25 октябр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» имзо гузоштанд.

Федератсияи футболи Хатлон 17-сола шуд

Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 октябри соли 2002 Конференсияи интихобии Федератсияи футболи вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии “Федератсияи футболи вилояти Хатлон” таъсис дода шуд.

Баргузории аксияи “Пиряхҳои худро ҳифз менамоем!” дар шаҳру навоҳии вилоят

Нимаи якуми имрӯз, 25 октябр, дар тамоми қаламрави Тоҷикистон, аз он ҷумла дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аксияи “Пиряхҳои худро ҳифз менамоем!” баргузор гардид.

Иштироки беш аз 10 ширкати хатлонӣ дар намоишгоҳи универсалии «Тоҷикистон-2019. Тирамоҳ»

Беш аз 10 ширкат аз вилояти Хатлон мащсулоти худро дар намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2019. Тирамоҳ», ки дирӯз, 24 октябр, дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, муаррифӣ мекунанд. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати вилоят хабар доданд, намоишгоҳи мазкур то пагоҳ, 26 октябр, идома мекунад.

«ТАЛКО Кемикал»-и ноҳияи Ёвон ширкати «Русал»-и Россияро бо 1534 тонна маҳсулот таъмин кард

ҶДММ «ТАЛКО Кемикал»-и ноҳияи Ёвон соли равон 2216,5 тонна фториди алюминий, 374,2 тонна криолит, 339,6 тонна кислотаи сулфат ва 744,6 тонна коагулянтро ба маблағи беш аз 34 миллион сомонӣ фурӯхтааст.

Фардо бозиҳои даври 18-уми лигаи 2-юм оғоз меёбанд

Рӯзҳои 26, 28 ва 29-уми октябри соли ҷорӣ бозиҳои даври ҳаждаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон баргузор мегарданд.

«Корвони саломатӣ» дар Хатлон то 2 ноябр идома мекунад

Имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон иқдоми «Корвони саломатӣ» ҷараён дорад. Ин маърака 8 октябр оғоз ёфта, 2 ноябр ба анҷом мерасад.

Табибони баландихтисоси «Корвони саломатӣ» аллакай ба ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Фархор, Қубодиён, Панҷ, Шаҳритус, Ҳамадонӣ ва А. Ҷомӣ сафар карданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.