Activities calendar

23 октябр 2019

Иштироки Қурбон Ҳакимзода дар намоишгоҳи байналмилалии Янлин

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари кории худ ба музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалии шаҳри Янлин иштирок намуд.

Дар ин сафар Қурбон Ҳакимзодаро раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон ва намояндагони доираҳои тиҷоратии вилоят ҳамроҳӣ мекунанд.

Намунаи ибрат: Корманди Идораи ҷавонон ва варзиш ба хизмати аскарӣ рафт

Сармутахассиси бахши кор бо чавонон ва варзиши ноҳияи Панҷ Асламшоҳ Маҳмадхолиқов дирӯз, 22 октябр, барои иҷрои қарзи фарзандӣ ихтиёран ба Комиссариати ҳарбӣ омада, баъди аз муоинаи тиббӣ гузаштан ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сафарбар карда шуд.

Азми бунёди 510 иншооти соҳаи маориф то соли 2021

То Ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди 510 иншооти соҳаи маориф дар назар аст.

Ташкили маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» дар коллеҷи тиббии Бохтар

Аъзои маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»-и назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо мақсади ташкил намудани маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» дар донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои ҳудуди шаҳри Бохтар суҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯён баргузор намуда истодаанд.

Рӯзҳои баргузории даври вилоятии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ..." муайян гардид

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар вилояти Хатлон аз 24 то 26 ноябр гузаронида мешавад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.