Activities calendar

18 октябр 2019

Ҷаласаи навбатии ситоди "Ҳосил-2019" таҳти раёсати Қурбон Ҳакимзода

Нимаи дуюми имрӯз, 18 октябр, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии ситоди вилоятии “Ҳосил-2019” таҳти роҳбарии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баргузор шуд.

АНОНС: Марҳабо ба озмуни вилоятии қаннодӣ ва ҳалвопазӣ!

Ба диққати намояндагони воситаҳои ахбори омма, сокинон ва меҳмонони шаҳри Бохтар расонида мешавад, ки пагоҳ, 19 октябр, дар майдони назди муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят ҷамъбасти озмуни вилоятии қаннодӣ ва ҳалвопазӣ баргузор мегардад.

Ғолибони озмунии вилоятии "Ободгари Ватан" муайян шуданд

Озмуни вилоятӣ таҳти унвони “Ободгари Ватан”, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ эълон гардидааст, аз рӯйи натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли 2019 ҷамъбаст ва ғолибони он муайян шуданд.

Ҳайати Давлати Кувайт ба шаҳри Норак сафар намуд

17 октябр муовини дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Бадр ал-Дувайшӣ, ҳайати расмӣ ва сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайд ба шаҳри Норак сафар намуданд.

Неругоҳҳои «Норак»-у «Бойғозӣ» ба зимистон омодагӣ мебинанд

Мутахассисони Неругоҳи барқи обии «Норак» барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 ва дар ин давра таъмин намудани хоҷагии халқи мамлакат бо барқ корҳои омодагӣ ва таъмири ҷорӣ, миёна ва асосии гидроагрегатҳо ва таҷҳизоти ёрирасонро мувофиқи нақша гузаронида  истодаанд. То имрӯз мутахассисони неругоҳ гидроагрегатҳои рақами 6,7-ро таъмири пурра ва агрегатҳои рақами 1,2,3,4,5,7,8,9-ро таъмири ҷорӣ ва миёна намудаанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.