Activities calendar

16 октябр 2019

Ташрифи Сарвазири мамлакат ба ноҳияи Шаҳритуз (ВИДЕО)

Имрӯз, 16 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритуз ташриф овард.

Иштироки Сарвазири мамлакат дар маросими ифтитоҳи кӯдакистони хусусӣ дар Қубодиён (ВИДЕО)

Имрӯз, 16 октябр, сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон бо шиносоӣ аз рафти сохтмони бинои истиқомаnии 48-ҳуҷрадор дар маркази ноҳияи Қубодиён идома кард.

Боздиди Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (ВИДЕО)

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳру навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз рафти тадбирҳои ободонӣ, ки вобаста ба ҷашнҳои миллӣ идома доранд, шинос шуд.

Шиносоии Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Бохтар

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Бохтар майдони варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар шаҳр шинос шуданд.

Пешвои миллат лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуданд

Қасри миллат

Имрӯз, 16 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.

Боздиди Сарвазири мамлакат аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (ВИДЕО)

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар доираи сафари кории худ ба вилояти Хатлон бо ҳамроҳии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонии як қатор иншоот дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дидан намуданд.

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи кинои тоҷик дар Хатлон

Бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик, ки ҳамасола 16 октябр дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, дар Театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Раҳмон Носир, собиқадорони соҳаи синамо ва синамогарони хориҷӣ аз Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Эрон чорабинии идона доир гардид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.