Activities calendar

20 Август 2019

«МОҲИР» - ПЕШСАФИ ЛИГАИ ДУЮМ

Дастаи футболи «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон баъд аз анҷоми даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон бо 27 имтиёз дар ҷадвал дар ҷойи аввал қарор гирифт.

2000 СОМОНӢ – МУКОФОТ БА ОМӮЗГОРИ КИТОБХОН

Ба барандаи шоҳҷоизаи даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» дар ноҳияи Ёвон омӯзгор Фарзона Темурова 2000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.

АМАЛИСОЗИИ 12 ЛОИҲАИ МАКТАБӢ ДАР ХАТЛОН

Тибқи Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» дар марҳилаи IV то соли 2020 дар 12 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалисозии 12 лоиҳаи мактабии дорои 6, 8 ва 10 синфхона пешбинӣ шудааст.

ВОХУРИИ РОҲБАРИЯТИ РАЁСАТИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ БО ШАҲРВАНДОН

Қоидаҳои пеш аз сафари муҳоҷират, чӣ гуна дар хориҷ пайдо намудани ҷои корӣ муносиб, дар ҳолати пеш омадани мушкилот ба куҷо муроҷиат кардан, аз масъалаҳое буданд, ки зимни вохурии роҳбарияти Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар ва Левакант бо шаҳрвандон мавриди баҳс қарор гирифт.

ЗИЁДА АЗ 3000 ҶАВОН – СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМАИ РОНАНДАГӢ

Зиёда аз 3 ҳазор нафар ҷавонписарони минтақаи Кӯлоб аз ҷониби ҶСП «Пойгоҳи автоматикунонидаи Кӯлоб» соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардида, аксари онҳо барои хизмат ба Ватан ба қисмҳои ҳарбӣ бо касби ронанда равон гардиданд.

АЗМИ БУНЁДИ 510 ИНШООТИ ТАЪЛИМИИ ҶАШНӢ ДАР ВИЛОЯТ

То соли 2021 дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон сохтмони 510 иншооти ҷашнии марбут ба соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст.

ВОРИСОНИ СИНО ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

Ҳамасола 18 август ҳамчун иди касбии кормандони соҳаи тиб қайд карда мешавад. Ба ин муносибат дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар чорабинии бошукӯҳ доир гардид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.