Activities calendar

06 Август 2019

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МЕҲМОНХОНА ДАР ДЕҲОТИ САРИ ХОСОРИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар мавзеи Пушти боғи деҳоти Сари Хосор Меҳмонхонаи наву замонавии “Сари Хосор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва бо имконоту шароити он аз наздик шинос шуданд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №33 ДАР ДЕҲОТИ САРИ ХОСОРИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Рӯзи 6-уми августи соли ҷорӣ, дар доираи сафари корӣ,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ САРИ ХОСОРИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Ҳамдиёрони азиз!

Дар оғоз мехоҳам ба ҳамаи сокинони деҳоти зебоманзари Сари Хосор барои амалӣ намудани иқдому ташаббусҳои ободгарона, ки мо имрӯз мушоҳида кардем, сипоси худро баён намоям.

МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ САРИ ХОСОРИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Имрӯз ҳамчунин дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони ин деҳоти кӯҳистони мамлакат мулоқоти судманду самимӣ анҷом доданд.

БОЗДИД АЗ НАМОИШГОҲИ ДАСТОВАРДҲОИ СОКИНОНИ ДЕҲОТИ САРИ ХОСОРИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон аз гӯшаи намоишгоҳи дастовардҳои сокинон дидан намуданд.

ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНА, ҲАММОМ ВА МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ “ШАЙДОН” ДАР ДЕҲОТИ САРИ ХОСОРИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Сипас дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои меҳмонхона, ҳаммом ва маркази хизматрасонии “Шайдон” -ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР ДЕҲОТИ САРИ ХОСОРИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар деҳаи Шайдони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон майдончаи варзиширо мавриди истифода қарор доданд.

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШИ «САРИ ХОСОР» ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Шайдони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши "Сари Хосор" -ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

ИСТИҚБОЛ ДАР ДЕҲОТИ САРИ ХОСОРИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Сари Хосор ташриф оварданд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ТАРАБХОНАИ «НАСИМИ БАЛҶУВОН»

6 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон тарабхонаи замонавии «Насими Балҷувон» -ро, ки дар доираи истиқболи сазовор аз 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби бародарони соҳибкор аз оилаи Неъматовҳо сохта шудааст, дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНУ СОКИНОНИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқот намуданд.

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНУ СОКИНОНИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Ҳамватанони азиз!

Намояндагони мардуми сарбаланди ноҳияи Балҷувон!

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон бо бардоштани парда аз болои лавҳаи рамзӣ, толори кушоду барҳавои варзиширо, ки аз тарафи соҳибкорони ватанпарвари ноҳия сохта шудааст, ба варзишгарону сокинони ин минтақаи дурдаст тақдим намуданд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ ХОБГОҲ ДАР НАЗДИ МАКТАБ ИНТЕРНАТИ №1 -И НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Дар доираи сафар корӣ ба ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави хобгоҳи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ БОҒЧАИ КӮДАКОН ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бинои навбунёди боғчаи кӯдаконро, ки дар заминаи кӯдакистони рақами 1-и ноҳия  сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРГОҲИ ДӮЗАНДАГӢ ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази хизматрасонии "Гулдастон"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ МАЪМУРИИ БАХШИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ВА БАХШИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон, дар шафати гулгашти марказии ноҳия бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ГУЛГАШТ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

6-уми августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон, ҳамчунин дар маркази ноҳия гулгашти муосирро, ки бо тарҳ ва дизайни баланди меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ НАВИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Рӯзи 6 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои тозабунёди дуошёнаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Балҷувонро ба истифода доданд.

ИФТИТОҲИ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ КАНГУРТ-БАЛҶУВОН-ХОВАЛИНГ

6-уми августи соли равон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалингро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИИ «ЭЛЕГАНТ-БАЛҶУВОН» ДАР ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОНИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Рӯзи 6-уми августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Калтачинори деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон»-ро ифтитоҳ карданд. Самти асосии коргоҳ коркарди сангҳои маҳаллӣ мебошад.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ХАТИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР ДЕҲАИ КАЛТАЧАНОРИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ нахуст дар деҳаи Калтачанори ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.

ИСТИҚБОЛ ДАР ДЕҲАИ КАЛТАЧАНОРИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Субҳи рӯзи 6 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гунногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.