Activities calendar

17 Июл 2019

МИЗЗИ МУДАВВАР ДАР САМТИ «БЕҲТАР НАМУДАНИ СИФАТИ ЙОДНОКИИ НАМАКИ ОШӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН»

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, муовини раиси КВД «Хӯрокворӣ»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Махсумҷон бо мақсади таъмини назорати бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, баланд бардоштани савияи дониш ва масъулияти сохторҳои дахлдор, иттилоотонии аҳолӣ оид ба истеъмол намудани намаки й

ДАР ДОИРАИ САНҶИШИ БАЙНИҲАМДИГАРӢ НАМОЯНДАГОНИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ БА ШАҲРИ НОРАК РАФТАНД

Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо роҳбарии намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовини аввали раиси вилоят Хайрулло Амонулло ба шаҳри Норак ташриф оварданд. Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хуш истиқбол гирифтаанд.

ГУРӮҲИ КОРИИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН БА НОҲИЯИ ЁВОН РАФТ

Дар заминаи Амри раиси вилояти Хатлон аз 5 майи соли 2019 «Дар бораи санҷиши байниҳамдигарии шаҳру ноҳияҳо» гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаҳриву ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таъсис ёфта, таҳти раёсати намояндагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ба санҷишу омӯзиш сафарбар шуданд.

БА НОҲИЯИ ВАХШ ГУРӮҲИ КОРИИ НАМОЯНДАГОНИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА ТАШРИФ ОВАРДАНД

Гурӯҳи кории намояндагони соҳаҳои гуногуни ноҳияи Данғара бо роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов сараввал аз боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Вахш дидан карданд. Чанде пеш бо супориши раиси вилоят таъмиру азнавсозии боғи мазкур оғоз ёфта, алҳол бо ҷалби сокинони ноҳия роҳравҳо сафолакпӯш ва хати об барқарор шудаву дигар корҳои зарурӣ анҷом дода мешаванд.

С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!»

Хонандагони азиз, суҳбате доштем бо рӯзноманигор ва нависандаи маъруф Саломиддин Мирзораҳматов, ки инак манзури шумо мегардонем:

- Устод, хуш омадед ба идораи мо. Сараввал каме дар бораи худ нақл мекардед.

МАЪЮБОН БО АРОБАЧА ТАЪМИН ГАРДИДАНД

Бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвият бахшидани иҷтимоии ниёзмандон ва қарори раиси вилояти Хатлон ҳарӯзи шанбе дар вилоят «Рӯзи аёдати ниёзмандон» ба роҳ монда шудааст.

САНҶИШИ БАЙНИҲАМДИГАРИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО

Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҳамдигар тибқи Амри раиси вилояти Хатлон гурӯҳҳои кории шаҳру ноҳияҳои вилоят дар шаҳру ноҳияҳои ҳамдигар шуда, ҳама соҳаҳои хоҷагии халқро таҳти омӯзиш ва санҷиш қарор медиҳанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.