Activities calendar

24 Июн 2019

ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ МАРКАЗИ АДЛИЯ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Бахшида ба 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои ободонию созандагӣ ва барқарорсозӣ идома дорад. Дар шаҳри Левакант низ чандин иншоотҳои хурду бузург қомат афрохта ба симои шаҳрак зиннати дигар бахшидааст.  Ифтитоҳи бинои маъмурии Маркази адлия, ки бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст бо ташрифи раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон мавриди истифода қарор дода шуд.

КОРҲОИ ОБОДОНӢ БАХШИДА БА 30 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН ВУСЪАТ МЕЁБАД

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон аз рафти корҳои сохтмонӣ ва аёдати чанд тан аз собиқадорони ҷангу меҳнат дидан намуда, баъдан дар Қасри ифарҳанги ноҳия бо фаъолон, кормандони касбу кори гуногун сокинони ноҳия вохӯрӣ анҷом доданд. Дар вохӯрӣ як қатор масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.