Activities calendar

23 Май 2019

Ба истифода додани маркази хизматрасонии маишии ҶДММ «Файзи Карим» дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Дангара дар деҳаи Ғарғараи ҷамоати деҳоти Корез бинои сеошёнаи Маркази хизматрасонии маишии ҶДММ «Файзи Карим» - ро, ки дар он намудҳои гуногуни либосҳои ҳарбӣ ва корӣ барои кормандони соҳаҳои гуногун, инчунин сару либоси кӯдакона истеҳсол карда мешавад, дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифодабарӣ қа

Ифтитоҳи боғи фарҳангию фароғатӣ ва ҳавзи моҳипарварӣ дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара

  Дар деҳаи Пушинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатӣ ва ҳавзи моҳипарвариро ифтитоҳ карданд.

Боздид аз хоҷагии деҳқонии ба номи “Ҳоҷӣ Лайло” дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара

  Дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Лайло” боздид ба амал оварданд.

Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара

Ҳамдиёрони азиз!

Ифтитоҳи Боғи Парчам, Нишон ва варзишгоҳ бо растаи ҳунармандон ва мулоқот бо сокинони деҳаи Пушинг

  Дар як мавзеи хушбоду ҳавои деҳаи Пушинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо сокинону фаъолони деҳа мулоқоти самимӣ доир карданд.

Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатӣ ва майдончаи варзишӣ дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара

  Дар назди таваллудхона ва паҳлӯи мактаби навбунёд аз ҷониби соҳибкорони деҳа як мавзеи нообод ба маркази фарҳангию фароғатии “Пушинг” сайргоҳи мардум табдил дода шуд.

Ифтитоҳи бинои таваллудхонаи муосир дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара

  Дар маркази деҳаи Пушинг бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои таваллудхонаи муосир дар шафати муассисаи нави таълимӣ ифтитоҳ ёфт.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 дар маркази деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара

  Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани роҳи мошингарди “Данғара - Пушинг” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳаи Пушинг дигар иншоотро, ки аз тарафи сокинони ватанпарвари он сохта шудааст, ифтитоҳ карданд.

Ифтитоҳи роҳи мошингарди Деҳоти “Пушинг”-и ноҳияи Данғара

   23 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара дар даромадгоҳи деҳоти “Пушинг” бо буридани лентаи рамзӣ роҳи мошингарди “Данғара – Пушинг”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боздид аз намоиши чорвои хушзоти хоҷагиҳои чорвопарварии вилояти Хатлон дар бозори Каёнӯши ноҳияи Данғара

   23 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара аз Намоиши чорвои хушзоти хоҷагиҳои чорвопарварии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуданд.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон

   23 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.