Activities calendar

07 Май 2019

ОНҲО БАРОИ ВАТАН ҶАНГИДААНД

Дар таърихӣ инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар айён мегардад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Ҳаёт ва фаъолияти пуршарафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар як фарди тоҷикро ба корҳои ободонию созандагӣ, таъмини гул-гулгулшукуфии Ватани азизамон ҳидоят менамояд.

БА 86 НАФАР ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ КӮМАКИ ЯКВАҚТАИНАИ МОЛИЯВӢ РАСОНИДА ШУД

Ба мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 74 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 ва расонидани кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ қарори раиси вилояти Хатлон аз 18 апрели соли 2019, №107 ба тасвиб расид.

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ ДАР ХОВАЛИНГ

6 майи соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки ҳамасола 4-уми май таҷлил карда мешавад, дар толори мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони нозироти андози ноҳия, молия, соҳибкорон, сармуҳосибон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.

ЧОР ДОРУХОНА ТО ИСЛОҲИ КАМБУДИҲО БАСТА ШУД

Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар як қисм дорухонаҳоро аз санҷиш гузаронд.

МУАРРИФИИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ВИЛОЯТ

6 апрели соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо ризогии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан озод намуда, ба вазифаи муовини якуми раиси вилояти Хатлон таъйин гардидани Хайрулло Амонуллоро бо коллективи корманд

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.