Activities calendar

03 Май 2019

«НАҚШИ ОСОРХОНА ДАР ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ» СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

Дар толори маҷлисгоҳи осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» семинари омӯзишии вилоятӣ дар мавзӯи «Нақши осорхона дар эҳёи арзишҳои миллӣ» баргузор карда шуд. Дар кори семинари омӯзиши директори осорхона Сафарзода Г.

ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ ХОЛИИ КОРӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Рӯзи 3-юми майи соли равон дар саҳни бинои Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб дар асоси нақша чорабиниҳои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ярмаркаи минтақавии ҷойҳои холии корӣ барои муассисаҳои давлатии шаҳру ноҳияҳои Кӯлобу Восеъ, Фархору Темурмалик ва Муъминобод гузаронида шуд.

ВОХӮРӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон санаи 2 майи 2019 дар ҷамоати деҳоти Яккаддини ноҳияи Ҷайҳун бо аҳли ҷамоатчигӣ вохӯрӣ доир намуд.

БА ОЗАР САЛИМ, МУАЛЛИФИ ШЕЪРИ МАЪРУФИ «МОДАР ФАРИШТА БУД» ҶОИЗАИ «КИЛКИ ЗАРРИН»-И АФҒОНИСТОН ДОДА ШУД

Бознашр аз АМИТ «Ховар» 3.05.2019. Чанде қабл шоири шинохтаи тоҷик  Озар Салим барандаи ҷоизаи Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон — «Килки заррин» гардид.

4 МАЙ – РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СОҲИБЕҲТИРОМ

Тавре маълум аст, ҳамасолаи 4 - уми май дар қаламрави кишвар ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти андоз таҷлил карда мешавад. Таҷлил намудани ин рӯзи хотирмон дар сатҳи ҷумҳурӣ аз таваҷҷуҳи хосаи давлату ҳукумати мамлакат шаҳодат медиҳад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.