Activities calendar

29 Апрел 2019

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН

Дар театри мусиқӣ – мазҳакавӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонов даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо иштироки муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода ҷамъбаст гардида, 29 нафар иштирокчӣ ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

СИТОДИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ БО ИШТИРОКИ РАҶАБОВ РАҶАБАЛӢ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ситоди Комиссияи даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Комиссияи даъвати вилоятӣ, муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов ва комиссари ҳарбии вилоят Куганзода Ҳаким баргузор гардид.

ОҒОЗИ ОЗМУНИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ

Рӯзи 26-уми апрел озмуни ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ баргузор гардид.

ҶАМЪБАСТИ РӮЗИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ

Рӯзҳои 26-27-апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлати Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявии ҳайати олимону профессорон ва донишҷӯёни донишгоҳ оид ба ҷамъбасти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соли 2018 бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гузаронида шуд.

МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАРХОР

29 апрели 2019 дар ноҳияи Фархор “Мизи мудаввар” бо ишитироки фаъолони ноҳия, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ШВКД дар ноҳия, директорони мактабҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва шаҳрвондон  доир гардид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.