Activities calendar

26 Апрел 2019

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВИЛОЯТИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН БАРГУЗОР ГАРДИД

26 апрели соли 2019 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси Шӯро – раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон баргузор гардид.

ХОНАНДАГОН КАСБ МЕОМӮЗАНД

Бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ташаббуси раиси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Комил Мирзоализода дар муассисаи таълимии №14 –и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ омӯзиши касби бофандагӣ ба роҳ монда шудааст.

БОХТАР БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАҲОИ НАВ

Рушду нумӯи давлат, таъсис ёфтани ҷойҳои нави корӣ, афзудани иқтидори истеҳсолӣ, ғанӣ гардонидани буҷети кишвар, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба пешравии соҳаи саноат вобаста аст.

ОҒОЗИ ПИЛЛАСУПОРӢ ДАР ШАҲРИТУЗ

Имсол бо ибтикори ҶСФ «Пиллаи Шаҳритуз» ва мусоидати ҶДММ Корхонаи истеҳсолии «Ганҷ» дар ибтидои моҳи апрел 830 қуттӣ тухмии кирмак баъди дар мавзеъ ё худ нуқтаҳои инкубатсияи ноҳия дар шароити мусоид зинда гардонидан ба 746 нафар пиллакорони 5 ҷамоати деҳоти ноҳияи Шаҳритуз, инчунин ҶДММ «Дук» тақсим карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 30 қуттӣ зиёд мебошад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.