Activities calendar

12 Апрел 2019

ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «ОБОДГАРИ ВАТАН»

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон озмуни вилоятии «Ободгари Ватан» рафта истодааст, ки мақсади асосии озмун беҳтар намудани шароити зисту зиндагии маишии аҳолӣ, суръат бахшидан ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, ободу зебо гардонидани кучаю деҳаҳо, фароҳам овардани шароити мусоид ба соҳибкорон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳавасманд гардонидани онҳо, ки дар ободии маҳалли худ саҳм гузоштаанд

СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО ОИД БА ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ МИЁНИ БОНУВОН

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рӯзҳои 10 ва 11 апрели соли 2019 аз рӯи усули фардии “Хона ба хона” оид ба пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, вайроншавии оилаҳои ҷавон, пешгирии бегонапарастӣ миёни занону духтарон, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, пешгирии гаравиши занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар б

ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2019 ДОИР ГАРДИД

12 апрел соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои тарақиёти рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда баргузор гардид.

АЙНӢ ЗИНДАЁД АСТ

Аъзоёни маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» - и Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо мақсади арҷ гузоштан ба хотироти нек ва таҷлили саду чилу як солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Садриддин Айнӣ санаи 12 апрели соли 2019. дар китобхонаи омавӣ – вилоятӣ ба номи Шамсиддин Шоҳин чарабинии фарҳангӣ – адабӣ доир карданд.

ЗАБОН – ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

Тибқи нақшаи идомадори маштараки Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Идораи телевизион ва радио ва Раёсати маорифи вилояти Хатлон шоу – озмуни «Забон – ҳастии миллат аст» санаи 11.04.2019. дар толори идораи телевизион ва радио баргузор гардид. Ин навбат хонандагони мактаби Президентии хонандагони бо лаёқати ноҳияи Кӯшониён баромад намуданд.

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

11 апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи сайёри Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарон, фаъолони шаҳр ва иштироки намояндагони ВАО-и шаҳрӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб ва сатҳи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.