Activities calendar

10 Апрел 2019

АМРИКО НАЙРАНИ ТОЗАИ ЭРОНРО КУШОД

Солҳост, ки Эрон дар пайи густариш бахшидани нуфӯзи худ дар минтақа ва ҷаҳон бо сарҷамъ сохтани чанд тан сагону лошахӯроне, ки худро ба пусти инсон ҷой додаанд, бо аҳдофи ба шиагӣ талқин кардани зеҳни миллатҳои бегона, ба касофаткориҳои комилан шубҳаовар даст зада истодааст.

ИФТИТОҲИ СЕ ИНШООТИ МАИШӢ ДАР САЙРОБ

Имрӯз дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоб маркази саломатӣ, майдончаи варзишӣ, маркази хизматрасонӣ ва савдоро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

ИСТИФОДАДИҲИИ МАЙДОНЧАҲОИ ФУТБОЛИ ХУРД ВА БАСКЕТБОЛ

Дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Ҳамадонӣ дар расми ба истифодадиҳии майдончаи варзишӣ, ки дорои майдончаҳои футболи хурд ва баскетбол мебошад Сарвазири ҷумҳурӣ ва раиси вилоят иштирок намуданд.

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХАЛТАҲОИ ПОЛИЭТИЛЕНӢ

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Расулзода ва раиси вилоят Қ. Ҳакимзода ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ дар деҳаи Пушкини Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳия оғози расмӣ бахшид.

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ДЕҲАИ МЕҲНАТОБОД

Дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон маркази хизматрасонӣ, ки аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, мағозаи масолеҳи сохтмонӣ ва нуқтаи шустушӯи мошинҳо ва қолинҳо иборат аст ба истифода дода шуд.

ТАЪМИР ГАРДИДАНИ 4,2 КМ РОҲҲО ДАР ДЕҲОТИ МЕҲНАТОБОД

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз деҳаҳои Гулобод ва Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия аз рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳҳои деҳаҳои мазкур дидан намуданд.

ТАШРИФИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Субҳи имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор бинову иншоотҳое, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегарданд ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб сафар кард.

ФЕРМАИ ПАРРАНДАПАРВАРӢ ДАР КӮЛОБ ТАЪСИС МЕЁБАД

Бо мақсади бо маводи ғизоӣ таъмин намудани аҳолии минтақа ва шаҳру деҳоти Кӯлоб ҶДММ «САМАН», ки роҳбариашро Холмуҳаммад Одинаев ба уҳда дорад, дар майдони 10 га замин фермаи мурғпарварӣ месозад. Корҳои сохтмонӣ аз моҳи марти соли равон оғоз карда шуда, насби таҷҳизоти соҳавӣ амалӣ шуда истодааст.

ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲО ВА МУСОБИҚАҲОИ МИЛИИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.