Activities calendar

24 Март 2019

ТАНТАНАҲОИ НАВРУЗӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Имрӯз дар шаҳри Бохтар бо иштироки Қосим Роҳбар – раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зоирзода Умед- муовини раиси вилояти Хатлон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Исмоилзода Абдуалим - раиси шаҳри Бохтар, меҳмонон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти роҳбарии волии вилояти Мазори Шариф ва масъулони дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Бохтар, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ в

ОҒОЗ БАХШИДАН БА КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Субҳи имрӯз, 24 марти соли 2019 дар доираи нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо ва раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин дар ноҳияи Данғара ба оғози корҳои сохтмонии як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ – б

НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ АВВАЛИНИ БАҲОРИ ХУРРАМ АСТ

Субҳи имрӯз мардуми сарбаланди ноҳияи Темурмалик бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳориро бо дастовардҳои шоён истиқбол намуданд.

ИДЕЯИ ДАВЛАТИ ТЕОКРАТӢ – ИДЕЯИ БУНБАСТӢ

Кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон дар байни давлатҳои қудратманд ҳанӯз аз солҳои 90-уми садаи ХХ оғоз гардида буд ва ин раванд то имрӯз идома дошта, ҷаҳони муосирро ба як буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ табдил додааст, ки баъзан бо анҷом ёфтани террору ҷангҳои хунини қавмӣ ва динӣ-мазҳабӣ сурат мегирад.

ДАСТАРХОНИ НАВРӮЗӢ ВА БАРНОМАИ ИДОНА БАРОИ ЯТИМОН

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз барои ятимон ва тарбиятгирандагони мактаб – интернат дастархони идона ва чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Аз субҳи содиқ хурду бузурги ноҳия бо рӯҳияи идона атрофи боғи фарҳангиро ҳалқавор печонида буданд. Ҳар гурӯҳ зери номи Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти худ бо намоиши дастовардҳои хеш бо шиори "Аз Наврӯз то Наврӯз" қаторак буданд. Аз тамошои дастовардҳои аз якдигарашон беҳтар, ки бо тантанаи оромӣ ва тинҷӣ бо исми Истиқлолияти комили кишвари биҳиштосоямон муяссарамон гардидааст, дидан карда, ҳаловат мебурданд.

НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Кӯлоб рӯзи 22 марти соли 2019 аз субҳи барвақт оғоз шуда, муждарасонони наврӯз савори фойтун мардумро аз омад-омади фасли баҳор ва оғози чорабинии умумишаҳрӣ хабар расониданд.

ОМОДА НАМУДАНИ ЯКУНИМТОНА СУМАНАК ДАР ШАҲРИ НОРАК

Дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Норак зиёда аз 27 бонувони хатлонзамин аз шаҳру ноҳияҳои вилоят барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар деге, ки якунимтона суманак омода мешавад, машғули омода намудани ин хӯроки болаззати идона буданд. Меҳмонони дохилӣ ва хориҷие, ки дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок доштанд аз суманаки омода намуда чашида ба лаззати он баҳои баланд доданд.

Наврӯз ва ифротгароӣ

Наврӯз оғози фасли баҳор ва соли нави миллии мардуми тоҷик мебошад. Бо фаро расидани Наврӯз тамоми наботот аз нав ҷон гирифта, рушду нумӯъ мекунанд ва табиат пас аз хоби зимистонӣ дубора эҳё машавад. Наврӯз аз ҳар чизи сохтаву бофта, дурӯғу буҳтон ва қалбакӣ орӣ асту ҳазар дорад.

Зеро медонад, ки чизҳои сохтаву бофта ва қалбакӣ дер давом намекунанд ва рӯзе ошкор шуда, соҳибашро шармсор месозанд. Ин аст, бузургии ҷашни байналхалқии Наврӯз, ки худ табиист ва табиӣ буданро ба одамон меомӯзад.

Наврӯз

  Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии  мардуми тоҷиктабор ва як қатор кишварҳоест, ки дар фарҳангу тамаддунашон инсонсолорӣ ва зиндагидӯстист. Ин  ҷашни куҳансол ба навиштаи муҳаққиқон таърихи на камтар аз шаш ҳазорсола дорад. Наврӯз, ҷашни ҷаҳонӣ аст, зеро рӯзи шодмонии замин, осмону офтоб, шукуфтанҳост.

Наврӯз мардумро аз зери сақфҳо, дарҳои баста, фазоҳои хафа ба домани озод ва бекаронаи табиат мекашонад. Наврӯз рўзи 21-уми март фаро мерасад ва дар ҳамаи кишварҳои тоҷиктабор ва дигар кишварҳои олам таҷлил мешавад. Наврӯз воқеан ҷашни хурсандию ободӣ ва таваллуди зиндагист.

Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ

Наврӯз ҷашни миллӣ, мероси фарҳангии ниёкони мо тоҷикон аст, ки маънои рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштиро дорад. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Ин ҷашн дар моҳи аввали баҳор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.